Хабари оғози гуфтугӯ миёни корфармо ва кормандони норозиро ҳар ду ҷониб тасдиқ мекунанд.
"Раҳбарият ба шахта фаромада, бо кормандон онҷо гуфтугӯ мекунад. Гуфтугӯ бо ташаббуси гуруҳ ташкил шудааст", - гуфт яке аз кормандони норозӣ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.
Ширкати "Казахмыс" вазъро шарҳ дода, гуфт, кор дар конҳои Гуруҳи корхонаҳои "Казахмыс" қатъ шудааст. Ба иддаои ширкат, кормандони ширкатҳои пудратчӣ низ ба эътирози ангиштканон пайвастаанд.
Беш аз 100 корманди ширкати Казахмыс" дар вилояти Улитауи Қазоқистон 14 корпартоӣ карданд.
Онҳо ба раҳбарияти ширкат 15 талаб пешниҳод кардаанд.
Яке аз талабҳои асосии корпартоён беҳтар кардани шароити корӣ, як соли кори кормандонро якуним соли корӣ эътироф кардан, нав кардани таҷҳизоти шахтаҳо, шарҳ додани норасоии кормандон, афзоиш додани рухсатии кормандон ва баланд бардоштани маош аст.
Эътирозгарон ҳамчунин талаб доранд, ки шартҳои бимаи ихтиёри тиббии кормандон иваз карда шаванд.