Ҷамъан 16 нафткаш ба ширкати пудратчии "TR Services" интиқол дода шудаанд. Яке аз онҳо Амандик Рисбой рӯзи душанбе хабар дод, ки ӯ ва 10 ҳамкораш бо ин қарор розӣ нестанд.
Як гуруҳ аз нафткашҳои қазоқистонӣ ба раҳбарии Рисбоев қаблан гуфта буданд, ки ширкати "Total E&P Dungans" кормандони худро ихтисор мекунад. Нафткашҳо изҳор доштанд, ки корфармо онҳоро дар бораи ихтисори кормандон огаҳ кардааст, вале сабабҳояшро шарҳ надодааст.
Онҳо аз мақомоти Қазоқистон дархост карданд, ки ба қазия дахолат кунад. "Мо мехоҳем дар ҷои кори кунуниямон бимонем. Зеро кафолате нест, ки кор дар ҷои нав чи гуна мешавад", - гуфтанд онҳо дар муроҷиатномаи видеоии худ.
Мақомоти Қазоқистон то ҳол эътирози нафткашҳоро шарҳ надодаанд.