Ин нафткашҳои қазоқ беш аз шаш ҳафта мешавад, ки маоши баробар талаб доранд. Ба гуфтаи эътирозгарон, 18 корманд гуруснанишинӣ эълом карда, як тани дигар ба далели бад шудани вазъи сиҳатиаш гуруснанишиниро қатъ кардааст.
Ҷамъан 26 корманд ба нишони эътироз шабу рӯз дар назди бинои ширкат дар Жанаозен нишастаанд. Модарон ва ҳамсарони онҳо низ тули ин муддат ҳамроҳи онҳо ҳастанд.
"Мо ба инҷо омадем, то ба шавҳаронамон таҳдид накунанд. Онҳо гуруснанишинӣ эълом кардаанд, ки ҳодисаҳои гуногун метавонанд рух диҳанд", - изҳор дошт ҳамсари яке аз кормандон.
Дар "Молдир Мунай Сервис" эътироз ва гуруснанишинии кормандонро тасдиқ карданд. Вале гуфтанд, дар ҳоли ҳозир ба далели мушкилоти молӣ наметавонанд талаби онҳоро иҷро кунанд.