- Санҷиши муҳоҷирон ё фишори Русия ба Тоҷикистон? Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Русия бо гузарондани амалиёти зидди муҳоҷирон ба Душанбе фишор наовардааст. Баъд аз моҳи майи имсол мақомоти Русия садҳо муҳоҷири кориро боздошту латукӯб карда, иддаеро аз қаламрави ин кишвар ронданд. (видео)
- Корхонаи азими Данғара қарздор шудааст. Як корхонаи бузурги саноатӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз пули барқ миллионҳо сомонӣ қарздор шудааст. Ин дар ҳолест, ки корхонаи нассоҷии “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” чанд соли пеш дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин бунёд шуда, ҳар моҳ даҳҳо миллион сомонӣ даромад мегирад. (видео)
- Муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба Мексика мераванд? Мақомоти Мексика мегӯянд, теъдоди паноҳҷӯёни тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз тариқи ин кишвар ба Амрико мераванд, сол ба сол зиёд мешавад. Хабарнигорони Садои Амрико ва Радиои Озодӣ дар воқеъ чанде аз муҳоҷирони гоҳо саргардони тоҷикро дар сарҳади Мексикаву Амрико бо чашми худ диданд. (видео)
- Агар имтиёзи баъзе аз ширкатҳо намебуд... Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол беш аз ҳаштуним миллиард сомониро ба буҷети кишвар ворид кардаанд. Онҳо рӯзи 14-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, агар баъзе аз ширкатҳо аз молиёт озод намебуданд, тақрибан се миллиард сомонии дигар ҷамъоварӣ мешуд. (видео)
- "5-6 бор ба Тоҷикистон ҷасад фиристодам". Як муҳоҷири тоҷик иддао дорад, ки маҷбурӣ ба ширкати низомии “Вагнер” ҳамроҳ шуд, вале моҳи феврали имсол дар наздикии Бахмути Украина аз сафи он гурехту аз ояндааш нигарон аст. (видео)
- COVID рафт, аммо зиёнаш акнун зуҳур мекунад. Бо гузашти 4 сол аз пандемия ва ё ҳамагири COVID-19, ки миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон кушт, оқибатҳои бади он барои сиҳатии дили инсон батадриҷ зуҳур мекунад. (видео)
- Мақомдори тоҷик аз муҳоҷирати занон нигарон аст. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз афзоиши муҳоҷирати кории занон нигарон будааст. Заноне, ки бо Алишер Зарифӣ ва Амир Исоев ҳамсуҳбат шуданд, мегӯянд, аз ночорӣ барои кор ба Русия мераванд. (видео)
- Коҳиши назарраси содирот дар Тоҷикистон (видео)
- Қариб нисфи курсиҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон холӣ мондаанд. Нақшаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон дар соли 2023 ҳамагӣ 53 дарсад иҷро шудааст. Ин оморро Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, раиси Маркази миллии тестӣ, рӯзи сеюми август дар нишасти хабарии ин ниҳод эълон кард (видео)
- Пахтакорон аз камобӣ ва масъулони фархорӣ аз камбуди барқ нигаронанд (видео)
- Усмонзода: Тоҷикистон дар ҷанги Украина мавқеи "холисонаи фаъол" ихтиёр кардааст (видео)
- Ташхису аломатгузории марз бо Қирғизистон идома дорад (видео)
- Наҷотбахшони Норак аз худкушии зане ҷилавгирӣ кардаанд. Дар ҷануби Тоҷикистон дар як ҳодисае наҷотбахшон занеро аз қасди худкушӣ гардониданд, ки модари шаш фарзанд будааст. Бевафоии ҳамсарро ин зан сабаби дилсард шуданаш аз зиндагӣ номид (видео)
- Раиси Истаравшан иддао дорад, ки ҷанҷоли Лакат бо даъват ба артиш рабт дорад. Адҳам Маъмурзода, шаҳрдори Истаравшан гуфт, даъвои милисаҳову сокинони русто ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш рабт дорад, вале сокинони деҳа мегӯянд, талоши дастдарозии ходимони милиса ба духтаре сабаби сар задани моҷаро шуд (видео)
- Ҷасади беш аз даҳ қурбонии садамаи Кӯлобро ба сардхона бурдаанд. Беш аз даҳ ҷасади қурбонии садамаи шоми 6-ум август дар Кӯлобро ба сардхона интиқол додаанд (видео)
- "Хоҳиш мекунем, оби одӣ диҳед". Дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон деҳконон барои кишоварзӣ об надоранд (видео)
- Саргузашти Вероникаи наврас аз Угледар: вай ҳангоми тирпарронӣ ҳамаи хонаводаашро аз даст дод (видео)
- 19 соли "низомаш пурзур" барои Навалний ва додгоҳи Доналд Трамп (видео)