Сухан аз истироҳатгоҳҳои "Дилором", "Золотые пески", "Роҳат" ва "Бустон" меравад.
Сардори Оҷонси идораи амволи давлатии Қирғизистон Қанатбек Тургунбеков гуфт, қарор аст Узбекистон дар ҳар як истироҳатгоҳ 15-20 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.
Ҳукумати Қирғизистон соли 2016 бо роҳбарии сарвазир Темир Сариев тасмим гирифт, истироҳатгоҳҳои мазкурро, ки то он замон дар ихтиёри Узбекистон қарор доштанд, миллӣ гардонад.
Узбекистон ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд. Тошканд кард, ки Қирғизистон созишномаи байни давлатҳои пешини шӯравиро аз соли 1992 вайрон кардааст. Созишномаи мазкур истифодаи иншоотеро ба танзим медарорад, ки баъди пошхӯрии СССР дар ҳудуди ҷумҳурии дигар боқӣ мондаанд.