Ссылки доступа

Додгоҳи олии Қирғизистон мандати вакилии Боқировро барқарор накард


Додгоҳи олии Қирғизистон қарори бекор кардани натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Кок-Жарскийро, ки бар асоси онҳо, вакил Омурбек Боқиров пирӯз эълом шуда буд, қонунӣ номидааст.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Қирғизистон гуфтанд, ки ин қарор 18 август содир шудааст. Худи Боқиров дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ қарорро ғайриқонунӣ номид.

Додгоҳе дар Бишкек 7 июн натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи якмандатии Кок-Жарскийро, ки бар асоси он, Боқиров баранда эълом шуд, беэътибор донист. Яке аз номзадҳо ва рақиби Боқиров Равшанбек Рисбоев ба додгоҳ шикоят бурда, дархост карда буд, ки натиҷаҳоро бекор кунад.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек ҳам 26 июл ин қарорро бетағйир гузошт ва Омурбек Боқиров ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят кард.

XS
SM
MD
LG