Дар ин бора фаъоли созмони ҳомии ҳуқуқи “Эзгулик” Абдураҳмон Ташанов, ки дар баррасиҳои додгоҳии парвандаи марбут ба доруи “Док-1 Макс” иштирок мекунад, хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, “Док-1 Макс” ва доруҳои дигаре, ки боиси фавти 65 кудак дар Узбекистон шуданд, бар асоси нақшаҳои коррупсионӣ вориди бозори он кишвар гаштаанд.
“Соҳибкори ҳиндӣ дар посух ба суоли айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ба корманди Маркази давлатии ташхису стандартизатсияи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббии Узбекистон 33 ҳазор доллар додааст, то санҷиш нагузаронад”, - изҳор дошт Ташанов.
Мансабдори узбек аз соҳибкори ҳиндустонӣ дар аввал 45 ҳазор доллар талаб карда будааст.
Дар Узбекистон моҳи декабри соли гузашта ҷамъан 65 кӯдак аз истеъмоли шарбати “Док-1 Макс”, ки аз сӯи ширкати "Marion Biotech" истеҳсол мешуд, ҷон доданд. Баъди ин фурӯши доруи мазкур дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд.
Хадамоти амнияти Узбекистон дар робита ба марги кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кард.