Дар ин нома Байден Мирзиёевро ба нахустин саммит дар формати "Осиёи Марказӣ - ИМА" ("С5+1") даъват кардааст. Саммит дар рӯзҳои Маҷмаи умумии СММ дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мешавад.
"Ман муштоқона ҷаласаи навбатии Маҷмаи умумии СММ-ро мунтазирам, ки дар он мо дар мавриди масоили муҳими зиндагии мардумонамон ба пешравӣ ноил хоҳем шуд. Ман умедворам, ки шумо бо ман ва ҳамкоронамон-роҳбарон дар мулоқоти расмии "С5+1" рӯзҳои 19 ва 20 сентябр ҳамроҳ мешавад", - навиштааст Байден дар номааш ба унвонии Шавкат Мирзиёев.