Ссылки доступа

Айбдоршавандаҳои "Парвандаи Кампиробод" дар Қирғизистон гуруснашинӣ мекунанд


Айбдоршавандаҳои "Парвандаи Кампиробод" дар Қирғизистон, ки дар боздошт ҳастанд, гуфтанд, гуруснашинӣ эълом мекунанд. Дар ин бора онҳо рӯзи 21 август дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек хабар доданд.

Азимбек Бекназаров - яке аз айбдоршавандаҳо гуфт, ба онҳо имкон намедиҳанд, ки бо парванда ошно шаванд.

"Мо дар чунин додгоҳи ғайриқонунӣ иштирок намекунем. Мо ба президент, порлумон ва созмонҳои хориҷӣ муроҷиат мекунем. Мо ба ҷуз эъломи гуруснашинӣ чораи дигар надорем. Мо нисбати судя нобоварӣ эълом мекунем", - гуфт Бекназаров.

Пештар аз ин сиёсатмадорони қирғизистонӣ Равшан Ҷеенбеков, Кенешбек Дуйшебоев ва Жениш Молдокматов, ки дар доираи "парвандаи Кампиробод" дар ҳабси пешакӣ қарор доранд, гуфта буданд, наметавонанд бо маводи парвандаи худ шинос шаванд.

Онҳо бо нашри муроҷиатномае гуфта буданд, ки кормандони додситонӣ бо баҳонаи муҳри махфӣ доштани парванда маводи онро намедиҳанд.

Боздоштшудаҳо мегӯянд, бидуни шиносоии комили маводи парванда наметавонанд дар додгоҳ аз худ ҳимоят кунанд. Додситонии кулли Қирғизистон то ҳол ба ин талаби гумонбарон посух надодааст.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG