Ссылки доступа

Дар Душанбе мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад


Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе мулоқоти машваратӣ анҷом медиҳанд. Мулоқоти роҳбарони давлатҳо рӯзҳои 14-15 сентябр баргузор мешавад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, дар ин мулоқот санадҳои муҳим ба имзо мерасад. Муҳимтарин санад эъломияи ҷамъбастӣ хоҳад буд, ки роҳбарони давлатҳо онро тасдиқ мекунанд.

Ҳамчунин ду созиши дигар ба имзо хоҳад расид: яке дар бахши ҳамлу нақл, дигарӣ дар бахши сиёсати ҷавонон.

XS
SM
MD
LG