Ссылки доступа

Дар натиҷаи таркиш дар Доғистон чаҳор шаҳрванди Узбекистон кушта шуд


Дар натиҷаи таркиши рӯзи 14 август дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии шаҳри Махачқалъаи Доғистони Русия чаҳор шаҳрванди Узбекистон кушта шудааст. Дар ин бора як ҳафта баъд аз он таркиш роҳбари Доғистон Сергей Меликов хабар дод.

Меликов афзуд, ба хонаводаҳои қурбониён дар ҳаҷми бештар аз 10 ҳазор доллар кӯмак расонида мешавад.

Шахсияти шаҳрвандони Узбекистон хабар дода намешавад.

Дар натиҷаи таркиши рӯзи 14 август дар маҷмуъ 35 кас кушта, 119 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бештар аз 400 бино осеб дидааст.

Дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG