Ҳамла ба рӯзноманигори хабаргузории КазТАГ Диана Сапарқизӣ рӯзи 18 август дар назди нақди "Қазоқистон" дар шаҳри Шахтинск рух дод.
"Иҷборан рондани рӯзноманигор аз ҷойи ҳодиса ҳангоми инъикоси он, зоҳиран талоши ҳадафмандонаи монеи фаъолияти рӯзноманигор шудан аст", - омадааст дар изҳороти Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон.
Ба иттилои ин Кумита, рӯзноманигор мехост, садама дар нақбро инъикос кунад ва ин замон панҷ мард ӯро маҷбуран аз ҳудуди нақб берун карданд, телефони ҳамроҳашро гирифтанд ва наворҳоро пок карданд.