Ссылки доступа

Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Қазоқистон меравад


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев рӯзҳои 25-26 август бо сафари корӣ ба шаҳри Остонаи он кишвар меравад.

Сафари президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон як рӯз пеш аз оғози он эълом шуд.

Дар доираи ин сафар гуфтугуҳои сатҳи баланд дар назар аст, ки "дар ҷараёни онҳо масоили тиҷориву иқтисодӣ, нақлиёту ҳамлу нақл ва сармоягузорӣ баррасӣ мешавад", хабар медиҳанд мақомоти Қазоқистон.

Сафари президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон дар ҳоле сурат мегирад, ки навбатпойии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG