Намояндагони ин комисия ба гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" рафтаанд. Муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Назарбек Малаев гуфт, комисия бо дархости Қирғизистон омадааст.
"Баъди хабарҳо дар бораи омадани комисия ҷониби Қазоқистон ба иҷозаи убури мошинҳо суръат бахшидааст. Айни замон дар як соат то 10 мошин марзро убур мекунад", - гуфт Малаев.
Вай афзуд, ҷониби Қазоқистон сабаби ба кундӣ иҷозаи убур додани мошинҳоро шарҳ намедиҳад. Малаев гуфт, чунин рафтор хилофи созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) аст, ки ҳам Қазоқистон ва ҳам Қирғизистон узви он ҳастанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон 23 август хабар дод, ки навбатпоии мошинҳои борбар дар гузаргоҳи марзии "Кен-Булун"-и байни Қирғизистону Қазоқистон низ мушоҳида мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар гузаргоҳи мазкур 146 мошин ва дар гузаргоҳи "Оқ-Тилек" 493 мошин дар навбати убур истодаанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, дар як рӯзи гузашта 112 мошин вориди Қазоқистон шудааст.
Дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" байни Қирғизистон ва Қазоқистон барои ронандагоне, ки дар навбати убури марз истодаанд, хайма заданд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон рӯзи 22 август хабар доданд.
"Барои расонидани ёрии тиббӣ, равонӣ ва дигар кӯмакҳо барои ронандагон ҳамаи шароит фароҳам шудааст, ғизои гарм ташкил шудааст", - омадааст дар хабари мақомоти Қирғизистон.
Пештар аз ин Хадамоти марзбонии Қазоқистон иттилоъ дода буд, ки дар гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон бо Қирғизистон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.
Дар хабари мақомоти Қазоқистон омадааст, ки барои пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунӣ дар марз чораҷӯӣ мешавад.
Вазири молияи Қазоқистон Ерулан Ҷамаубоев гуфт, "онҷо барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир амалиёт сурат гирифта буд, ба ин хотир Хадамоти марзбонӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ амалиётро назорат мекунанд".
Теъдоди мошинҳои борбар барои убури марз бо Қазоқистон аз ҷониби Қирғизистон рӯзи 22 август ба 500 расид.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, пештар марзбонони Қазоқистон дар як соат то ба 14-15 мошин иҷозаи убур медоданд. Ҳоло дар 4-5 соат ба як мошин иҷоза медиҳанд.