Ссылки доступа

Дар Қазоқистон маъракаи "зидди маҳдудияти интернет" роҳандозӣ карданд


Гуруҳе аз созмонҳои ғайридавлатӣ аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки имкони бастан ва кундсозии суръати интернетро аз қонунгузорӣ бардоранд.

Дар изҳороте, ки рӯзи 24 август бо имзои гуруҳе аз коршиносони байналхалқиву қазоқистонӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ нашр шуд, омадааст, ки ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 мақомот ҳолати фавқулода эълом ва дастрасӣ ба интернетро қатъ карданд.

Муаллифони изҳорот мегӯянд, нахустин интернет-шатдаун ё қатъи дастрасӣ ба интернет дар Қазоқистон аз ҷиҳати қонунӣ дуруст баҳо дода нашудааст. Ба гуфтаи муаллифон, ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 дастрас набудани интернет боиси оқибатҳои фоҷиабор шуд, зеро одамон аз маълумот маҳрум буданд ва дар маърази хатар қарор гирифтанд.

"Возеҳ аст, ки бисёре аз қурбониён он рӯзҳо маҳз ба далели дастрасӣ надоштан ба интернет кушта шуданд, он замон одамон аз иттилоъ маҳрум буданд ва ба кӯча баромаданду парронида шуданд. Ташаббускорони изҳорот даъват мекунанд, ки ба такрори ин фоҷиа роҳ дода нашавад", - омадаст дар изҳорот.

Онҳое, ки ҷонибдори қатъ кардани дастрасӣ ба интернет ҳастанд, ин корро барои пешгирӣ аз паҳншавии хабарҳои дурӯғ муҳим медонанд. "Вале ҳеч далеле мавҷуд нест, ки қатъсозии интернет амнияти шаҳрвандониро таъмин ва аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ пешгирӣ мекунад", - омадааст дар изҳорот.

Охири моҳи октябри соли 2018 Додситонии кул, Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиаи Қазоқистон қонунан ҳақ пайдо карданд, ки дар ҳолатҳои фавқулодаи иҷтимоӣ, табиӣ ва ё техногенӣ дастрасӣ ба интернетро қатъ кунанд.

XS
SM
MD
LG