Дар ин бора Radio Free Asia (RFA) бо истинод ба Бекзод Мақсудхон, раҳбари созмони ҷамъиятии қазоқистонии "Атажурт" хабар додааст.
Сокини қазоқтабори Шинҷон Кусман Раҳимро маъмурони интизомии Чин 14 июли имсол боздошт кардаанд. Бино ба хабари расонаҳо, ӯ барои хондани китоби Қуръон дар як тӯйи арӯсӣ дастгир гаштааст.
"Сабаби асосии боздошт ин аст, ки пулис дар хонаи ӯ китоби Қуръонро пайдо кард. Ҳамчунин вай дар рӯзи Иди қурбон дар хонаи сокинон оятҳои Қуръонро қироат ва дар тӯйи арӯсӣ иштирок кардааст", - иқтибос овардааст радио аз суханони Мақсудхон.
Тибқи иттилои RFA, хондани Қуръон дар Чин аз соли 2017 манъ аст.