Комиссияи Аврупо як ҳафта пеш гуфт, таҳқиқи ҳолатҳои содироти маҳсулоти чӯбиеро оғоз кардааст, ки аз Туркия ва Қазоқистон бидуни зикри маҳалли истеҳсолаш ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) содир карда мешавад.
Масъулони комиссия мегӯянд, эҳтимол ҳангоми содирот маҳдудиятҳое, ки ИА зидди маҳсулоти Русия ҷорӣ кардааст, давр зада шаванд.
Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон дар навбати худ аз содиркунандагони маҳсулоти чӯбии ин кишвар даъват кардааст, ки бо Комиссияи Аврупо ҳамкорӣ ва ҳама гуна маълумоти дархостшударо пешниҳод кунанд.
Яке аз ташаббускорони таҳқиқ ширкати аврупоии "Latvijas finieris" аст. Масъулони он қаблан ба оҷонсии LETA гуфта буданд, ки эҳтимоли давр задани таҳримҳои зидди Русия тавассути Қазоқистон ва Туркия вуҷуд дорад.
Ба иттилои ширкат, баъди эъломи таҳримҳо содироти маҳсулоти чӯбии Русия ба Туркия ва ҳамзамон аз онҷо ба Иттиҳоди Аврупо ба таври назаррас афзудааст.