Ссылки доступа

Мансабдори қазоқ гуфт, раванди муҳоҷират ба Остонаро маҳдуд намекунанд


Вазири меҳнату ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамзамон муовини нахуствазири Қазоқистон Тамара Дуйсенова гуфт, ҳукумати ин кишвар кӯч бастани сокинон аз минтақаҳо ба шаҳри Остонаро маҳдуд намекунад.

"Субҳ аз ман пурсиданд, ки оё рафтан ба Остона ва будубош дар онҷо маҳдуд мешавад? Ман гуфтанӣ ҳастам, ки гуруҳи корӣ ҳеч гуна маҳдудиятеро пешниҳод накардааст ва он баррасӣ ҳам намешавад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи вай, сухан аз нақшаи генералии Остона меравад, ки маҳдудиятҳоеро барои сохтмони маҷмааҳои зист бо назардошти зербиноиҳои иҷтимоӣ ва сабти номи сокинон дар маҳалли иқомат пешбинӣ мекунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки Шӯрои ҷамъиятии Остона ҳангоми баррасии лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳр то соли 2035 масъалаи шумори сокинони онро низ ба баҳс кашидааст.

Бино ба иттилои хабаргузории "Информбюро", шуро, аз ҷумла, куч бастани сокинони минтақаҳои Қазоқистонро ба Остона бо мақсади дарёфти шароит барои зиндагии беҳтар "ғайри қобили қабул номидааст.

"Аъзои шуро аз мавқеи таҳиякунандагони Нақшаи генералӣ ҷонибдорӣ мекунанд: барои афзоиши аҳолӣ, бахусус аз ҳисоби равандҳои муҳоҷират талош кардан лозим нест. Ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон бояд мутаносибан рушд ва тараққӣ кунанд. Аз куч бастани сокинон ба пойтахт бо мақсади зиндагии беҳтар пешгирӣ карда шавад", - иқтибос овардааст расона аз натиҷаи ҷаласаи шуро.

Тибқи пешбиниҳо, шумори сокинони Остона то соли 2035 ба 2,3 миллион нафар бирасад. Дар ҳоли ҳозир ин шаҳр беш аз 1,3 миллион сокин дорад.

XS
SM
MD
LG