Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон хост, ба ҷабрдидаи "ҳодисаҳои январӣ" танҳо 3,5 млн танга диҳанд


Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон қарор кард, ба сокини маҳаллӣ Асланбек Омаров, ки дар ҷараёни "ҳодисаҳои январӣ" таъқиб шудааст, 3 миллион танга ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ва 500 ҳазор танга пули харҷи вакили дифоъ пардохт шавад.

Омаров дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, бо ҳаҷми ҷуброне, ки додгоҳ таъйин кард, розӣ нест.

"3,5 миллион танга наметавонад, он чиро, ки ман давоми якуним сол аз сар гузарондаам, ҷуброн кунад", - изҳор доштааст вай. Аммо ӯ афзуда, ки аз болои қарори додгоҳ шикоят бурданӣ нест.

Омаров 9 январи соли 2022 дастгир ва 4 моҳ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шудааст. Сипас 5 моҳ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда, 5 моҳи дигар ба шарти берун нарафтан озод гаштааст.

Омаров аз давлат 40 миллион танга (ҳудуди 86 ҳазор доллар) ҷуброни зарар талаб дошт. "Таъқиби ғайриқонунӣ на танҳо ба ман, балки ба хонаводаам низ зарар расондааст. Саломатии ман бад шуд. Маро баъди боздошт латтукӯб ва зиндонӣ карданд", - изҳор доштааст Омаров.

Соҳибкори инфиродӣ Асланбек Омаровро мақомоти қудратии Қазоқистон ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ айбдор кардаанд. Вале муфаттишон натавонистаанд, далелеро пешниҳод кунанд, ки айбдор будани ӯро исбот кунад. Додгоҳ вайро сафед кардааст.

Эътирозҳои оммавӣ, ки ба бетартибиҳо печиданд, дар Қазоқистон рӯзи 4 январи соли 2022 шуруъ шуда буданд. Дар ибтидо сокинон зидди гароншавии қимати газ эътироз доштанд. Дар рӯзҳои баъдӣ эътирозгарон истеъфои ҳукуматро талаб карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 238 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG