Пештар аз ин расонаҳои Украина навишта буданд, ки эҳтимол дорад, Блинкен ба Киев биёяд. Департаменти давлатии ИМА расман хабари ӯро эълом накарда буд.
Рӯзноманигори украин Иля Пономаренко навори ҳузури Блинкенро дар Киев нашр кард.
Шаби гузашта шаҳр ва вилояти Киевро мушакҳои Русия ҳамла карданд. Бонки хатар чанд соат пеш аз расидани Блинкен хомӯш шуда буд.
Пеш аз ин Энтони Блинкен моҳи сентябри соли 2022 ба Украина омада буд.