Ссылки доступа

Додситони махсус дар ИМА тасмим дорад, нисбати писари президент айб эълом кунад


Президент Джо Байден и Хантер Байден
Президент Джо Байден и Хантер Байден

Додситони махсуси ИМА Дэвид Вайс рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки тасмим дорад, Хантер Байден, писари президенти ИМА Ҷо Байденро дар ғайриқонунӣ дарёфт кардани аслиҳа айбдор кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде пеш судяи федеролии аёлати Делавар созиши байни Хантер Байден ва додситони махсусро тасдиқ накард. Дар сурати тасдиқ шудани созиши Байдени хурдӣ бо додситон, писари президент метавонист, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шавад.

Хантер Байден ҳангоми харидории таппонча ошкор накардааст, ки маводи мухаддир истеъмол мекунад. Ҳангоми ошкор кардани ин ҳолат мумкин буд, ба ӯ таппонча нафурӯшанд.

Писари президенти ИМА ҳамчунин дар доираи ду парвандаи дигар баҳси додгоҳӣ дорад. Ӯро дар сарпечӣ аз пардохти андозҳо аз даромадҳои хориҷӣ айбдор мекунанд.

Баҳси додгоҳии Байдени хурдӣ метавонад, дар маъракаи президентии навбатӣ барои Ҷо Байден "дарди сари сиёсӣ" эҷод кунад.

XS
SM
MD
LG