Ссылки доступа

Як шаҳрванди Узбекистон дар тирпарронии гуруҳҳои ҷиноӣ дар Туркия кушта шудааст


Дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи тирпарронии гуруҳҳои ҷиноӣ як шаҳрванди Узбекистон кушта шудааст. Дар ин бора консули генералии Узбекистон дар Истамбул рӯзи 7 сентябр хабар дод.

Бино ба иттилои консулгарӣ, ҳодиса рӯзи 2 сентябр рух додааст. Шаҳрванди Узбекистон дар Истамбул муҳоҷири меҳнатӣ буд.

Дар натиҷаи тирпарронӣ муҳоҷири 46-сола, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса кор мекард, тир хӯрда, дар бемористон бистарӣ шуд ва онҷо фавтид.

Пулис аъзои гуруҳҳои ҷиноиеро боздошт кардааст, ки тирпарронӣ карда буданд. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса давом дорад.

Ҷасади шаҳрванди Узбекистон ба зодгоҳаш вилояти Самарқанд интиқол дода шудааст.

XS
SM
MD
LG