Ссылки доступа

Дар Бишкек интихоботи такрории порлумонӣ баргузор шуд


Дар ҳавзаи якмандатии Ленини шаҳри Бишкек 10 сентябр интихоботи такрории порлумонӣ баргузор шуд.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар раъйдиҳӣ ҷамъан 15,85 дарсад ё 20 ҳазору 169 интихобкунанда иштирок карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, аз ҳама бештар номзад ба мақоми ваклии порлумони Қирғизистон Кубаничбек Самаков (26,14%) овозҳоро соҳиб шудааст. Аз Русланбек Тагаев 18,99% ва Алмос уулу Аскар 13,04%-и иштирокдорон ҷонибдорӣ кардаанд.

Додгоҳе дар Бишкек 7 июн натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи якмандатии Ленинро, ки бар асоси он, Боқиров баранда эълом шуд, беэътибор донист. Яке аз номзадҳо ва рақиби Боқиров Равшанбек Рисбоев ба додгоҳ шикоят бурда, дархост карда буд, ки натиҷаҳоро бекор кунад.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек ва Додгоҳи олии Қирғизистон ҳам ин қарорро бетағйир гузоштанд.

XS
SM
MD
LG