Ссылки доступа

Шикояти вакили дифои Ҷонболат Мамай ба Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон


Вакили дифои раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон Ҷонболат Мамай, ки бо гумони "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" зиндонӣ шудааст, ба Додгоҳи конститутсионии он кишвар шикоят бурдааст.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Ернар Кенжебоев, ҳуқуқи шахси зери ҳимояи ӯ ба ҳимоят поймол шудааст, зеро додситон нахуст зидди Мамай бар асоси бандҳои вазнини миёна айбнома эълом карда, дар рафти мурофиаҳои додгоҳӣ онҳоро ба бандҳои марбут ба ҷиноятҳои вазнин табдил додааст.

"Ба ҷуз аз ин, худи Ҷонболат Мамай ба додгоҳи ноҳияи Бостандиқи Қазоқистон муроҷиат карда, хостааст, маҳрум шудани ӯ аз фаъолиятҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва журналистиро мушахассан шарҳ диҳад", - навиштааст яке аз раҳбарони ҳизби мазкур Инга Имонбой дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Додгоҳи Бостандиқ Қазоқистон 10 апрели имсол Мамайро дар доираи парвандаи "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли гузашта 6 сол шартан маҳкум кард. Мамай айби эъломшударо рад кард.

Мамайи 34-сола 26 феврали соли 2022 боздошт шуда буд. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG