Ин амали ғайриқонунии онҳо баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи он кишвар ба бор овардааст.
Дар канале, ки охирҳои моҳи майи имсол дар паёмакрасони Телеграм кушода шудааст, бо мақсади мукотиба бо мардон аксҳои духтарони ноболиғ нашр карда мешаванд. Мардоне, ки ба "ин дом меафтанд" ба мулоқот даъват ва латтукӯб хоҳанд шуд.
Дар як видеои нашршуда, аъзои гуруҳи "муҷозоти педофилҳо" мардеро, ки ба мулоқот рафтааст, латтукӯб карда, мегӯянд, бо ин кор мехоҳанд аз "ҳуқуқи бонувон" ҳимоят кунанд.
Ин канал беш аз 3000 обуначӣ дорад.
Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, ки дар робита ба амали гуруҳ тафтишотро оғоз кардаанд.
Фаъолон ва рӯзноманигорон ин иқдомро барои давлат хатарнок номида, аз пулис даъват доранд, ки пеши роҳи он гирифта шавад.