Созмондиҳандагон гуфтанд, баргузории намоишҳои Азамат Мусогалиев ва тими ӯро ба далели вокунишҳои манфии мардум ба баромади ӯ дар қисмати ишғолии вилояти Донетски Украина бекор карданд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон ахиран даъват карданд, ки ба баргузории намоиши Азамат Мусогалиев иҷозат дода нашавад.
Барномаи консертии Азамат Мусогалиев ва тими ӯ - "Камизяки" қарор буд, ибтидои моҳи октябри имсол дар Алмато ва Остона баргузор шавад.
Қаблан Азамат Мусогалиев ба қисмати ишғолшудаи вилояти Донетски Украина аз сӯи Русия сафар карда, барои сарбозони рус барномаи консертиеро баргузор карда буд.