Худойберганова, ки ба ҳайси пизишк кор мекард, рӯзи 16 сентябр соли гузашта дар маҳалли кораш боздошт шуда буд ва аз он замон то кунун дар боздошт буд. Ӯро дар "таҷовуз ба сохти конститутсионии Узбекистон" гумонбар мекарданд.
Пештар аз Худойберганова фаъолони дигари боздоштшудаи қарақалпоқистонӣ - Жангелдӣ Жаксимбетов ва Қошқорбой Торемуродов шоми 13 сентбяр аз ҳабс озод шуда буданд. Онҳоро баъди он раҳо карданд, ки муҳлати истирдодашон ба поён расид. Ин ду нафар шоми 13 сентябри соли 2022 боздошт шуда буданд.
Дар сурати истирдод ба Узбекистон фаъолонро мумкин аст ба далелҳои сиёсӣ зиндонӣ ва шиканҷа кунанд.
Дар Қарақалпоқистон моҳи июли соли 2022 ба далели тағйирот дар Конститутсияи Узбекистон ва бекор кардани мавқеи мустақили ин ҷумҳурӣ эътирозҳои оммавӣ барпо шуд. Тошканд гуфт, "неруҳои хориҷӣ" дахолат кардаанд.
Эътирозҳои Нуқус пахш шуданд. Мақомоти Узбекистон аз 18 кушта, 243 маҷруҳ ва 500 боздоштшуда хабар дода буд. Фаъолон мегӯянд, теъдоди воқеии кушташудаҳо ба маротиб бештар аст.