Ссылки доступа

Сарвазирони Узбекистону Русия дар Москва мулоқот мекунанд


Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон бо ҳамтои русаш Михаил Мишустин рӯзи 18 сентябр дар Москва гуфтугӯ мекунад.

Расонаҳои Русия навиштанд, ду сарвазир масоили тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиро баррасӣ хоҳанд кард.

Тошканду Москва барномаи маҷмуии ҳамкориҳои иқтисодии байниҳукуматиро барои солҳои 2022-2026 амалӣ месозанд.

Дар доираи ин барнома ду кишвар тасмим доранд, ки гардиши молро афзоиш диҳанд. Дар поёни соли 2022 гардиши мол байни ду кишвар ба 8,7 млрд доллар расида буд, ки нисбати соли 2021 26 дарсад бештар баҳо дода мешуд.

XS
SM
MD
LG