Ин дар ҳолест, ки хадамоти амнияти Гурҷистон ба ҷуз ин хабар ҳеч далели дигари тасдиқкунандае нашр накардааст.
Хадамот менависад, гуруҳе аз одамон, ки ҳам дар ҳудуди Гурҷистон ва ҳам берун аз он амал мекунанд, гӯиё дар моҳҳои октябр-декабри соли ҷорӣ нақша доранд, дар кишвар бетартибии оммавӣ ташкил кунанд. Гӯиё ҳадафи ниҳоии онҳо - ивази ҳокимият бо роҳи зурӣ аст, навиштанд мақомоти қудратии Гурҷистон. Замони шуруъи амалиёт, ба қавли мақомоти Гурҷистон, санаи эъломи гузориши Комисияи Аврупо дар мавриди имконоти воридшавии Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо аст.
"Тавтиагарон мунтазиранд, ки хулосаи Комисияи Аврупо манфӣ хоҳад буд. Бо истифода аз шиори дурӯғини ҳукумати "русиягаро" барои хезишҳои мардумӣ ва бетартибиҳо замина гузошта мешавад", - омадааст дар хабар.
Мақомоти он кишвар Георгий Лорткипанидзе, муовини пешини вазири корҳои дохилиро яке аз муаллифони ин нақша унвон кардаанд. Миёни ташкилкунандагон Михаил Батурин - муҳофизи пешини президенти Гурҷистон Михаил Саакшвилӣ ва Мамука Мамулашвилӣ - фармондеҳи "Легиони Гурҷистон", ки дар Украина зидди Русия меҷангад, низ будаанд. Ҳеч кадоме аз инҳо ҳанӯз изҳороти мақомоти Гурҷистонро шарҳ надодаанд.
10 соли ахир ҳизби русиягарои "Орзуи Гурҷӣ" дар Гурҷистон сари қудрат аст. Дар ин муддат мақомот тавонистанд, ки роҳбари мухолифон ва сарвазири пешини кишвар Михаил Саакшвилиро зиндонӣ ва чанд мавҷи эътирозҳои мардумиро саркӯб созанд. Аз эҳтимол дур нест, ки баъди хабари "табаддулот" дар Гурҷистон мавҷи нави таъқиби мухолифон сар занад.