Ссылки доступа

Волидони қирғизистонӣ баргардонии фарзандонашонро аз зиндонҳои Русия мехоҳанд


Пайвандон ва волидони қирғизистониҳое, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, 18 сентябр пушти дари порлумони Қирғизистон ҷамъ шуданд.

Онҳо аз вакилон хостанд, дар истирдоди фарзандонашон ба Қирғизистон кӯмак расонанд.

"Бештар аз 150 падару модар ҳамарӯза дари мақомотро мекӯбанд. Ба далели ҷанги Русия дар Украина онҳо фарзандони моро ташвиқ доранд, ки дар ҷанг иштирок кунанд, ба имзо мондани санад маҷбур мекунанд ва ба ҷанг мебаранд. Аз рӯи ҷавонӣ бархеҳо розӣ мешаванд, ки ба озодӣ бароянд. Ҳоло онҳоро дар зиндони низомаш умумӣ нигаҳ медоранд, мо хоҳиш мекунем, ки онҳоро ба зиндони низоми сахт интиқол диҳанд ва зудтар ба ватан истирдод кунанд", - гуфт Арзикан Ахунова, яке аз онҳое, ки пушти дари порлумон омада буданд.

Ҷамъшудаҳо гуфтанд, пештар ба президент, КДАМ ва Додгоҳи олӣ муроҷиат карда буданд.

Пештар аз ин расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки аз оғози соли ҷорӣ то моҳи июл 35 қирғизистониро аз зиндонҳои Русия ба Қирғизистон истирдод кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар соли 2022 хабар дода буд, ки барои истирдоди 1077 қирғизистонӣ ба ҷониби Русия дархост ирсол шуда буд. Аз ин теъдод 459 зиндонӣ аз рафтан ба зиндонҳои Қирғизистон худдорӣ кардаанд.

Дар баҳори соли 2022, баъди он ки Русия дар ҷанги зидди Украина талафоти зиёд дод, ширкати низомии хусусии "Вагнер" ба ҷалби зиндониён ба ин ҷанг шуруъ кард. Ин ширкат аз ҷумла зодагони Осиёи Марказиро ба ҷанг ҷалб мекард. Расонаҳо аз кушта шудани даҳҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷанги Русия зидди Украина хабар доданд.

XS
SM
MD
LG