Ссылки доступа

Додгоҳ дар Остона "ҳамлагари Kaspi bank"-ро 7,5 сол зиндонӣ кард (видео)


Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Алихон Муродовро дар гаравгон гирифтани одамон дар шуъбаи Kaspi bank айбдор донист. Гаравгонгирӣ рӯзи 18 июни соли ҷорӣ рух дода буд. Муродовро 7,5 сол зиндонӣ карданд.

"Шумо айбро комилан эътироф кардед, аз карда пушаймон шудед. Додгоҳ инро ҳолати сабуккунанда меҳисобад", - гуфтааст судя ҳангоми содир кардани ҳукм.

Расонаҳо навиштанд, ки Муродов дар сухани охираш аз ҳамаи онҳое узрхоҳӣ кардааст, ки аз амали ӯ зиён дидаанд.

Додгоҳ ҳамчунин ӯро ба пардохти 69 ҳазор танга - муодили 150 доллари ИМА - ҷуброн вазифадор кардааст.

Рӯзи 18 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар яке аз шуъбаҳои бонки Kaspi bank гаравгонгирӣ рух дод. Ҳамаи гарвгонҳо кормандони бонк буданд. Пулис гаравгонҳоро озод ва гумонбарро боздошт кард.

XS
SM
MD
LG