Ссылки доступа

Дар Қазоқистон бештар аз 2,4 млн санади марбут ба қурбониёни таъқибҳоро оммавӣ карданд


Оппозиция в Казахстане требует прекратить репрессии

Мақомоти Қазоқистон бештар аз 2,4 млн санади марбут ба қурбониёни солҳои 1929-1956-ро дастрасӣ омма карданд. Дар ин бора Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 18 сентябр хабар дод.

Додситонӣ хабар додааст, ки 251 ҳазор парвандаи бадарғашудаҳоро ба хазинаи президенти Қазоқистон ирсол кардаанд ва акнун онҳо дастраси омма ҳастанд. "256 ҳазор парвандаи дигар то охири сол ирсол карда мешавда. 311 ҳазор касоне, ки бадарға ва ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуда буданд, сафед карда шуданд", - омадааст дар хабари Додситонӣ.

Мақомоти Қазоқистон соли 2020 бо қабули фармоне барои сафедсозии қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ комисия ташкил карда буданд.

Вазифаи комисия - "барқарории адолати таърихи нисбати афроде, ки қурбонии таъқибҳои даврони шӯравӣ шуда буданд" - унвон гардида буд.

Фаъолони қазоқистонӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Қазоқистон муосир таъқиби шаҳрвандон бо ангезаҳои сиёсӣ идома дорад - онҳое, ки мақомотро танқид мекунанд, боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Мақомоти Қазоқистон мавҷудияти зиндониёни сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG