- "Афсус, Гугуш ба Тоҷикистон наомада, саҳнаро тарк кард". Ситораи мусиқии попи форсизабон Гугуш эълон кард, ки тарки саҳна мекунад. Гугуш дар Тоҷикистон ҳам мухлису ҳавохоҳи зиёд дорад. Ҳарчанд дар тамоми умри ҳунариаш ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон барои консерт нарафт, аммо хабари тарки саҳна кардани ӯ бархеро нороҳат кард (видео)
- Аз обу барқу амният гуфтанд, вале... Мушкили обу барқ, рушди иқтисод ва роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои амниятӣ аз суҳбатҳои асосии сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ буд. Онҳо рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар Душанбе ҷамъ шуданд (видео)
- Радиои Озодӣ-70: дар роҳ ба озодӣ. (видео)
- Ҷашнвораи таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе. Дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки ошпазҳои номии кишварҳои минтақа ҷараён дорад. (видео)
- Осиё: Раҳмон президентҳоро пешвоз мегирад. (видео)
- Дар Душанбе аз Аҳмадшоҳ Масъуд ёд карданд. Паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва сиёсатмадорону рӯзноманигорон бо баргузории маҳфиле дар Душанбе аз Аҳмадшоҳи Масъуд ёд карданд. То бозгашти дубораи Толибон ба қудрат, дар солгарди кушта шудани Масъуд дар Афғонистон “Ҳафтаи шаҳид” баргузор мешуд. (видео)
- Дар Душанбе афзоиши тиҷоратро бо Қазоқистон баҳс карданд. Тоҷирони тоҷику қазоқистонӣ дар ҳамоише дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ ва чигуна зиёд кардани додугирифтро баррасӣ карданд. Ҳамоиши тоҷирони Қазоқистон ва Тоҷикистон субҳи 12-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и Душанбе оғоз шуд. (видео)
- Сабаби амалиёти давомдор дар Русия чист? Ҳар рӯз дар бораи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия гузориш мерасад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳуҷҷати коргарони хориҷӣ ва дурустии будубоши онҳоро месанҷанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баръакс, маъмурони интизомӣ онҳоро ба артиши Русия даъват мекунанд. (видео)
- Шикоят аз камбуди китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон. Бо оғози соли нави таҳсил баҳси нарасидани китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Тоҷикистон доғ шудааст. Баъзе аз волидон изҳор нигаронӣ мекунанд, ки китобҳои дарсӣ намерасад ва маҷбуранд барои фарзандон аз ҷойи дигар китоб пайдо кунанд. (видео)
- Русия: Боздошту азияти муҳоҷирон дар ҷойи кор ва ибодат. Баъд аз намози ҷумъа (8-уми сентябр) дар чанд шаҳри Русия муҳоҷиронро тафтиш карда, шахсони душаҳрвандиро барои сабти ном ба комисарриатҳои ҳарбӣ бурдаанд. Радиои Озодӣ наворҳоро дар ин бора рӯзи 11-уми сентябр дастрас кард. Аз моҳи май боздошту фишор ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия давом дорад. (видео)
- Усто ва Масто. Мустанади Радиои Озодӣ. Достони видеоӣ дар бораи ҳаҷвнигорони зиндаёди тоҷик Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев (Усто ва Масто). Онҳо дар як ҷо хонданду дар як бино зистанд ва соли 1984, баъд аз садамаи нақлиётӣ, дар як рӯз ҷон бохтанд. Садама чӣ гуна рӯй дод ва чаро касе ҷавобгар нашуд? (видео)
- Чаро як китоб адибу рӯшанфикри тоҷикро паси панҷара бурд? Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва адиби шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустамро паси панҷараи боздоштгоҳ бурд. Ҳоло боздошти ин ду нафар, он ҳам барои баёни андеша баҳсеро дар ҷомеа барпо кардааст, ки то куҷо зиндонӣ шудани онҳо бодалел аст. (видео)-
- Эҳтимоли сафарбарии нав ба артиши Русия. Таҳқиқгарони лоиҳаи "Можем объяснить" бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, то 20 - уми сентябр сафарбарии нав ба артиши Русия оғоз мешавад. Дар ҳамин ҳол таваҷҷӯҳ ба муҳоҷироне бештар шудааст, ки шаҳрвандии Русияро доранд. (видео)
- Дар Тоҷикистон даври иловагии қабул ба донишгоҳҳо оғоз ёфт. Ҳафтаи аввали таҳсил дар Донишгоҳу донишкадаҳои кишвар идома дорад, аммо ба онҳое ҳам, ки ҳанӯз донишҷӯ нестанд, имкон дода шудааст баъти худро бисанҷанд. Маркази Тестии Тоҷикистон имсол барои бори аввал ба довталабоне, ки дар ду даври аввал ба мактабҳои олӣ роҳ наёфтаан, шонси сеюмбора додааст (видео)
- "Тоҷикистонро ба Кореяи Шимолии 2 табдил додаанд". "На шоир рӯз дорад, на тоҷир ва на рӯзноманигор. Ҳукумати Тоҷикистон ба кӣ вафо мекарда бошад?" Суоли корбаре ба номи "Хуросони Бузург" дар Фейсбук дар пасманзари боздошти рӯзноманигор ва нависандаи 65-сола Абдуқодири Рустам (видео)
- Баъзе сокинони зарардидаи Ромит то ҳанӯз аз ёриҳои башарӣ баҳраманд нашудаанд. Селу обхезии ҳафтаи гузашта боиси фавти 17 нафар ва зиёни молии бузург шуда буд (видео)
- Бо вуҷуди "не"-и додгоҳ биноро вайрон мекунанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе тахриби як биноро дар маркази пойтахт, ки боис ба вокуниши бошандагонаш шуда буд, манъ кард. Ширкати “Ориёно Сохтмон” ҳанӯз ба кораш идома медиҳад (видео)
- Оби Норак зиёд шуд, вале чаро гоҳо барқ нест? Масъулони Норак эълон карданд, ки обанбори нерӯгоҳ то нуқтаи охирин пур шудаву оби зиёдатиро ба рӯдхонаҳо мерезанд. Ҳамин нерӯгоҳ асосан Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад. Вале бо вуҷуди изҳороти мақомот, мушкили бебарқӣ дар фасли тобистон ҳам аз байн нарафтааст (видео)
- Мактабҳои Тоҷикистон зиёд, муаллим камтар мешавад? Дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз мешавад. Даҳҳо ҳазор нафар бори аввал ба остонаҳои муассисаи таълимӣ қадам мемонанд. Вазорати маориф мегӯяд 1-уми сентябр мактабу кӯдакистонҳои нав ифтитоҳ меёбанд. Аммо нигарониҳое вуҷуд дорад, ки мактабҳои нав камбуди 3500 муаллимро сахттар эҳсос хоҳанд кард (видео)
- Таҳқиқи Озодӣ: Раиси Кӯлоб бо "қонунҳо"-и худаш кор мекунад? Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки на танҳо ширкатҳои наздик ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа дар Кӯлоб ҳаққи истифода аз барқу андозро намесупорад, балки ширкатҳои наздикони Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳр низ айни корро мекунанд. (видео)
- Евгений Пригожинро чи гуна ба хок месупоранд ва бо "Вагнер" чӣ хоҳад шуд? (видео)
- Шаҳрвандии Русия мехоҳед, худро дар комиссариати ҳарбӣ сабт кунед! Шаҳвандии Русия мехоҳед, худро дар комиссариати ҳарбӣ сабт кунед! Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар вилояти Калугаи Русия аз муҳоҷирони довталаби шаҳрвандии Русия тақозо мешавад, ки ибтидо бо вазорати Мудофиаи ин кишвар қарордод банданд. (видео)