Ин маркази матбуотӣ менависад, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ анъанаи сохтани мактабҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар ҳудуди як кишвар аз ҳисоби маблағҳои кишвари дигар маъмул аст. Ин анъана кӯмаки мутақобили иҷтимоӣ номида мешавад.
"Бояд гуфт, барномаҳои омӯзишии мактабҳо, ки аз ҷониби кишварҳои дигар сохта шудаанд, нахуст аз сӯи мутахассисони соҳа санҷида мешаванд", - омада аст хабар.
Дар робита ба ин хадамоти матуботии сарвазири Узбекистон аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хостааст "иттилои беасосро паҳн насозанд".
Рӯзи 18 сентябр дар ҷаласаи муштараки комисияҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Москва сарвазири Русия Михаил Мишустин пешниҳод кард, ки "ба хотири аз наздик ошно шудани хонандагон ба фарҳанг ва анъанаҳои русӣ" дар Узбекистон чанд мактаб сохта шавад. Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ин пешниҳодро пазируфт.
Баъди ин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносон дар робита ба сохтани мактабҳои Русия дар Узбекистон изҳори назар карданд. Ба навиштаи корбарон, барномаи омӯзишии Русия қисме аз таблиғоти Москва аст ва дар китобҳои дарсӣ ҳамлаи Русия ба Украина барҳақ маънидод шудааст.