Ба иттилои пулис, сокини ноҳияи Чиноз соли 2014 ҳамроҳ бо ҳамсар, се писар ва келинаш ба Русия рафтааст.
Дар Русия онҳо таҳти таъсири созмонҳои байналхалқии террористӣ қарор гирифта, кӯчидан ба Сурияро миёни ҷавонон таблиғ кардаанд ва дертар худ ба онҷо кӯчидаанд. Сардори хонавода дар сафи ҷангҷӯён дар Сурия ошпазӣ мекунад. Ҳамаи аъзои ин хонавода дар пайгард эълом шудаанд.
Мақомоти Узбекистон мегӯянд, на камтар аз 3 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи ҷангҷӯён пайвастаанд.