Ссылки доступа

Фаъолои қирғизистонӣ Эмил Бекиевро аз зиндон озод накарданд


Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон рӯзи 7 сентябр шикояти фаъоли шаҳрвандӣ Эмил Бекиевро баррасӣ кард. Қарор додгоҳ дар сомонаи он нашр шудааст.

Додгоҳи шаҳри қарори зинаи аввали додгоҳро бе тағйир боқӣ гузоштааст. Моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Бекиевро шаш сол зиндонӣ карда буд.

Бекиев дар додгоҳ гуфт, ки айби эъломшударо қабул надорад ва дар навори дар интернет нашршуда ба барҳам задани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар ва ғасби ҳокимият даъват накардааст.

Бекиевро моҳи сентябри соли 2022 аз Русия ба Қирғизистон истирдод карда буданд. Ӯро дар даъват ба бетартибии оммавӣ, даъват ба ғасби ҳокимият ва ангехтани бадбинӣ айбдор карданд. Мақомоти қудратии Қирғизистон гуфтанд, Бекиев дар саҳифаи худ дар Фейсбук маводи "иғвогарона ва ангезандаи бадбинӣ" нашр мекард.

Эмил Бекиев баъди он машҳур шуд, ки дар Интернет аз мақомоти Қирғизистон интиқод кард.

XS
SM
MD
LG