Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро баррасӣ накард


Рӯзи 19 сентябр дар ҷаласаи Кумитаи порлумони Қирғизистон оид ба тартиби қонунӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва муқобила бо фасод вакилон мебоист тарҳи қонун "дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ"-ро баррасӣ мекарданд.

Аммо ба далели набуди кворум ё бештари вакилон ин тарҳи қонун ба баррасӣ гирифта нашуд.

Тағйирот ба қонун "Дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ" дар ҷомеа ҳамчун тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷиҳо" унвон шудааст. Нодира Норматова, вакили порлумони Қирғизистон соли 2022 пешниҳод карда буд, ки дар қонунгузорӣ мафҳуми "намояндаи хориҷӣ" ворид карда шавад.

Маркази ҳуқуқии "Адолат" ин тарҳи қонунро таҳлил ва ба хулосае омад, ки он "хилофи меъёрҳои Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ аст".

Бархе аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз вакилони порлумон хоста буданд, ки аз ин тарҳи қонун ҳимоят накунанд.

XS
SM
MD
LG