Ссылки доступа

Зеленский дар Маҷмаи умумии СММ: Русия ошкоро Қазоқистону кишварҳои Балтикро таҳдид мекунад


Владимир Зеленский, президенти Украина дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кард. Дар ҷараёни суханрониаш вай аз Қазоқистон ёд кард.

"Ҳар даҳсола Русия ҷанги навро шуруъ мекунад. Қисме аз Молдова ва Гурҷистон ғасб шудааст, Русия Сурияро ба харобазор табдил дод. Русия қариб ки Белорусро фурӯ бурдааст, вай Қазоқистон ва кишварҳои Балтикро ошкоро таҳдид мекунад", - гуфт Зеленский дар минбари СММ.

Президенти Украина ҳамчунин гуфт, Русия ба доштани силоҳи ҳастаӣ ҳақ надорад.

"Асри XX ба тамоми дунё омӯзонид, ки аз истифодаи силоҳи ҳастаӣ бояд худдорӣ кард, онро афзоиш надод ва бо он таҳдид накард", - гуфт Зеленский дар ибтидои суханрониаш.

Вай ҳамчунин ба амнияти озуқаворӣ ишора кард. Вай афзуд, Москва буҳрони ғизоиро ҳамчун силоҳ истифода мекунад ва бо он мехоҳад, дигаронро маҷбур созад, ки ҳудудҳои ғасбшудаи Украинаро қаламрави Русия эътироф кунанд.

XS
SM
MD
LG