Ссылки доступа

Чин тасмим дорад, дар интиқоли оби Кампиробод ба Узбекистон кӯмаки моддӣ расонад


Ширкати чинии "SINOMASH" тасмим дорад, дар амалисозии тарҳи интиқоли оби ошомидании обанбори Кампиробод ба шаҳри Фарғонаи Узбекистон кӯмак расонад. Дар ин бора мақомоти вилояти Фарғона хабар доданд.

Созиши муқаддамотӣ дар ин маврид ҳосил шудааст, гуфтанд мақомот. Ҳамчунин ширкати "SINOMASH" ваъда додааст, ки дар сохтан ва таҷдиди иншооти иҷтимоӣ дар Фарғона кӯмак расонад.

Ин ширкати чинӣ дар маҷмуъ ваъдаи сармоягузории 300 млн долларро додааст.

Дар ҳукумати вилояти Фарғона гуфтанд, дар доираи сафари раиси вилоят Хайрулло Бозор ба Чин 29 созишномаи сармоягузорӣ ва шартномаҳои тиҷорӣ дар ҳаҷми 1,37 млрд доллар имзо шудааст.

Узбекистону Қирғизистон соли 2022 созишномаи мудирияти муштараки обанбори Кампирободро имзо карданд. Ин обанбор дар марзи ду кишвар ҷойгир аст.

Ин созишнома дар Қирғизистон боиси эътирозҳои оммавӣ шуд. Бархе аз сокинон гуфтанд, ки мақомоти Қирғизистон "заминҳои ин кишварро ба Узбекистон додаанд". Дар пайи ин эътирозҳо дар Қирғизистон парвандаи ҷиноие боз шуд, ки дертар номи "Парвандаи Кампиробод"-ро гирифт. Дар доираи ин парванда наздики 30 сиёсатмадор ва фаъоли ҷамъиятиро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG