Ин барномаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон ҳамтоёни туркашон тавсия додаанд.
Шаҳрвандон дар сурати рӯбарӯ шудан бо таҳдид ё зӯроварӣ тугмаеро дар барнома пахш мекунанд ва ва кормандони пулис маҳалли ҷойгиршавии телефонро муайян карда, фавран ба онҷо ҳозир хоҳанд шуд.
Созмони байналхалқии Human Rights Watch (HRW) аз мақомоти Қирғизистон ахиран даъват карда буд, ки "масъалаи хушунати хонаводагиро ба дараҷаи дувум нагузоранд". Созмон ҳамчунин гуфт, ин масъала буҳронӣ шудааст.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар соли 2022 аз 6 ҳазору 580 ҳолати хушунати дар Қирғизистон сабтшуда ҳамагӣ 2 ҳазору 709 ҳолат ба додгоҳ рафтааст.