Ссылки доступа

Додгоҳ мухолифи қазоқро аз ҳаққи китобнависӣ маҳрум кард


Додгоҳи ноҳияи Бостандиқи Қазоқистон шикояти раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии он кишвар Ҷонболат Мамайро, ки бо гумони "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" зиндонӣ шудааст, баррасӣ кард.

Мамай аз додгоҳ хоста буд, шарҳ диҳад, ки чаро ӯ ҳаққи навиштани китоб ё нашри онро надорад. Додрас дар посух гуфтааст, "навиштани китоб ва нашри он фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсӣ шумурда мешавад ва Мамай аз ҳаққи чунин фаъолиятҳо маҳрум карда шудааст".

Дар ин бора ҳамсари Мамай Инга Имонбой дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ додааст.

Додгоҳи Бостандиқ Қазоқистон 10 апрели имсол Мамайро дар доираи парвандаи "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли гузашта 6 сол шартан маҳкум кард. Мамай айби эъломшударо рад кард.

Мамайи 34-сола 26 феврали соли 2022 боздошт шуда буд. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG