Онҳо дар номаи худ ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва Маркази миллии пешгирии шиканҷа аз шароити нигаҳдории худ дар боздоштгоҳи муваққатӣ шикоят кардаанд.
Қаблан низ гумонбарони дигари парвандаи мазкур аз шароити боздоштгоҳ шикоят карда буданд. Вале масъулони Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон иддаоро рад карда, гуфтанд, "дар боздоштгоҳ ҳамаи қонунҳо риоя мешавад".
Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.
Ахиран Додгоҳи шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси пешакии онҳоро дубора дароз кард. Гумонбарон дар эътироз ба қарори додгоҳ гуфтанд, гуруснанишинӣ мекунанд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шарҳи боздошти гумонбарон гуфта буд, "онҳо мардумро ба шӯр” оварда, талош карданд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.