Ба гуфтаи манбаъҳо, кудаконро доруи "Антиструмин", ки аз сӯи ширкати "Samo" истеҳсол мешавад, заҳролуд кардааст.
Ширкати дорусозии "Samo" бо Вазорати тандурустии Узбекистон дар давраи вазирии Беҳзод Мусоев қарордод ба имзо расондааст. Соҳибони ширкат афроди наздик ба хонаводаи Мусоев ва сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов ҳастанд.
Фаъолияти "Samo"-ро Маркази бехатарии маҳсулоти фармасевтии назди Вазорати тандурустии Узбекистон тафтиш мекунад.
На ҳукумат ва на Вазорати тандурустии Узбекистон то ҳол заҳролудшавии гуруҳии кудаконро расман шарҳ надодаанд. Масъулони ширкати дорусозӣ низ аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд.
Дар Намангон рӯзи 21 сентябр бо шикоят аз ҳарорати баланд, дарди меъда, дилбеҳузурӣ кӯдакон аз 9 мактаб ва ду боғча ба беморхона муроҷиат карданд. Ёвари президенти Узбекистон Саида Мирзиёева хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.