Манбаъ мегӯяд, дар пайи таркиш сӯхтор ба амал омадааст. Як навраси 16-сола ҷон бохта, 163 каси дигар захмӣ шудааст. Кумита гуфтааст, "ба ҷойи ҳодиса 16 гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ сафарбар шуда, соати 2:48 ба хомӯш кардани сӯхтор ва рафъи оқибатҳои он шурӯъ карданд."
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, садои таркиши қавӣ шунида мешавад. Тибқи гузоришҳо, бар асари ин таркиш тирезаҳои манзилҳои истиқоматӣ, дӯконҳо ва биноҳои дигар шикастаанд.
Вазорати тандурустии Узбекистон хабар додааст, ки осебдидагони ин ҳодиса ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, ҷароҳатҳои осебдидагон ҷиддӣ нест ва табибон ба онҳо ҳама кумакҳои тиббии заруриро расонидаанд.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон хабарҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи "дар натиҷаи суқути ҳавопаймо рух додани ҳодиса"-ро рад кардааст.
Ширкати Uzbekistan Airports ҳам хабар додааст, ки таркиш ба кори Фурудгоҳи Тошканд таъсир нарасондааст ва фурудгоҳ ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунад.