Ссылки доступа

Президентҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон рафтанд


Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иштирок дар саммити "Олмон - Осиёи Марказӣ", ки 29 сентябр баргузор мешавад, ба Олмон сафар карданд.

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон субҳи 28-уми сентябр ба Олмон рафтааст. Ҳадаф аз сафар ширкат дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Олмон гуфта мешавад.

Хадамоти матбуотии президент Узбекистон ҳам иттилоъ дода, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 28-30 сентябр дар доираи як сафари корӣ аз Олмон боздид мекунад.

Бино ба хабари сомонаи президенти Олмон, Франк Волтер Штейнмайер ва роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон субҳи 29-уми сентябр дар қароргоҳи президенти Олмон гуфтугӯ хоҳанд кард.

Мулоқот бо раҳбари кишвари муҳими аврупоӣ дар ҳоле барпо мешавад, ки раҳбарони Осиёи Марказӣ 19-уми сентябр дар доираи нишасти С5+1 бо президенти Амрико Ҷо Байден дар Ню-Йорк гуфтугӯ карданд. Рушди ҳамкориҳо дар бахши иқтисод, дифоъ, амният ва соҳибкорӣ аз мавзуъҳои баҳс буд.

XS
SM
MD
LG