Ссылки доступа

Барои тағйири қарори додгоҳи конститутсионии Қирғизистон қонуни нав қабул карданд


Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи 28 сентябр лоиҳаи қонунеро қабул карданд, ки ба Додгоҳи конститутсионии он кишвар иҷозат медиҳад, то қарори худро бозбинӣ кунад.

Раиси кумитаи дахлдори порлумони Қирғизистон Чолпон Султонбекова гуфт, пешниҳодҳои хаттии панҷ вакил пазируфта нашуданд ва лоиҳаи қонун дар шакле, ки дар хониши аввал қабул шуда буд, пешниҳод гашт.

Ба гуфтаи ӯ, ҷиноҳҳои порлумонии "Ата-Журт Кыргызстан", "Ишеним", "Ынтымак" ва ду гуруҳи вакилони дигар хостанд, ки лоиҳаи қонун якбора дар ду қироат қабул карда шавад.

Вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаро баррасӣ накарданд. Вакил Нодира Норматова пешниҳод кард, ки "лоиҳа бояд бидуни баррасӣ қабул шавад".

Бино ба қонуни пешини Қирғизистон, қарори Додгоҳи конститутсионӣ ниҳоӣ буда, мавриди бозбинӣ қарор намегирифт ва ҳоло қонуни нав ба Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон ҳақ медиҳад, ки қарорҳои худро бозбинӣ ва тағйир диҳад.

Моҳи июли соли ҷорӣ Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон бо қабули қароре ба занони он кишвар иҷоза дода буд, ки ба фарзандон номи худро ҳамчун насаб диҳанд, на номи падари фарзандонро.

Акнун мехоҳанд, ин қарорро бекор созанд.

XS
SM
MD
LG