Ссылки доступа

Боздошти ду корманди Фурудгоҳи Душанбе


Ду корманди Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанберо дастгир кардаанд. Шарҳи расмии мақомот дастрас нест.

Ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ дар фурудгоҳ гуфтанд, ки Азаматулло Маҳмадшоев ва Олим Ҷалолов ба ғайриқонунӣ фиристодани тило ба Ҳиндустон гумонзад ҳастанд.

"Дар аввали моҳи сентябр ба воситаи мусофирон аз Душанбе ба Деҳлӣ тило фиристодаанд. Ин миқдор тилоро дар Ҳиндустон боздошт мекунанд. Хабараш ба Фурудгоҳ расид. Додситонии нақлиёт ҳодисаро таҳқиқ ва ду корманди фурудгоҳро боздошт кард,” -- гуфт яке аз манбаъҳо рӯзи 28-уми сентябр.

Барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе муроҷиат кардем, аммо то лаҳзаи нашри хабар вокунише нагирифтем.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Додситонии нақлиёт ба зидди Азаматулло Маҳмадшоев ва Олим Ҷалолов ба иттиҳоми қочоқ ба миқдори калон (қисми 2-и моддаи 289-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парванда кушодааст.

Дар сурати тасдиқи иттиҳом ба онҳо ҷарима ё то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.

Назари наздикон ё вакилони мудофеи гумонбарон ба қазия маълум нест. Рӯшан нест, ки худи онҳо иттиҳомро пазируфтаанд ё не.

Солҳои гузашта низ баъзе аз кормандони Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ба қочоқи тило муттаҳам шуда буданд.

XS
SM
MD
LG