Интиқоли барқ ба минтақаҳои дурдасти вилоят – Қарқаралӣ ва Бухор-Жырау низ қатъ шудааст. Мақомоти маҳаллӣ то ҳол теъдоди дақиқи сокинони бебарқро эълон накардаанд. Вале сокинон мегӯянд, шумори онҳо ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин сабаби асосии рух додани садама низ гуфта намешавад.
Дар Қарағанда дирӯз борони сахт боридааст ва сокинон тахмин мезананд, ки эҳтимол он ба кори шабакаҳои барқӣ таъсир расондааст.
Мақомоти Қарағанда 28 сентябр гуфтанд, ки мушкили бебарқиро қисман "ҳал" кардаанд. Ба гуфтаи раиси шаҳри Қарағанда Мейрама Кожухова, бемористонҳои шаҳрт тавассути генераторҳо бо барқ таъмин шудаанд.
Раиси вилояти Қарағанда Эрмаганбет Булекпаев бо нашри муроҷиатномае вазъро шарҳ дода, онро "вазъияти фавқулода" номид.