Ба иттилои шаҳрдории Бишкек, электромобилҳо дар хатти махсус ва аз кӯчаҳои Киеву Абдураҳмонов то шаҳраки 12-ум аз соати 7 субҳ то 10 субҳ ва шом аз соати 17 то 20 ҳаракат мекунанд. Роҳкиро барои як мусофир 50 сом (тақрибан беш аз 6 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои мақомоти Бишкек, роҳандозии эко-таксӣ ҷузъи ташаббуси рушди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шаҳри Бишкек ба ҳисоб меравад. Айни замон ҳамагӣ 10 адад чунин нақлиёт дар Бишкек гардиш мекунад.