Ссылки доступа

Дар Узбекистон маъракаи зидди кирми узвҳои дарунии кӯдаконро шуруъ мекунанд


Минздрав Узбекистана сообщил, что препарат «Вермокс» завезли в стране по рекомендации ВОЗ.
Минздрав Узбекистана сообщил, что препарат «Вермокс» завезли в стране по рекомендации ВОЗ.

Дар моҳҳои наздик дар Узбекистон марҳилаи нави маъракаи зидди кирми узвҳои дарунии кӯдаконро шуруъ мекунанд.

Ба иттилои мақомоти беҳдоштии Узбекистон, дар доираи ин маърака 6,5 млн кӯдакони аз 2 то 10-сола доруи ройгони зидди кирмро дарёфт мекунанд.

Баъди заҳролудшавии кӯдакон дар ноҳияи Чусти вилояти Намангони Узбекистон маъракаи зидди кирм, ки аз сӯи мақомот роҳандозӣ шуда буд, нигаронии волидонро ба бор овард.

Бархе волидон талаб доранд, ки ба кӯдакони онҳо бидуни иҷозаи волидон дору надиҳанд.

Мафтуна Саидова, як мақомдори беҳдоштии Узбекистон гуфт, нигаронии волидон аз маъракаи зидди кирм беасос аст.

"Ин дору "Вермокс" аст, ки дар Булгия истеҳсол шудааст. Дар шакли қурс аст. Ҳамасола дар саросари кишвар истифода мешавад. То кунун мо таъсири манфии онро мушоҳида накардаем", - гуфт Саидова.

Моҳи гузашта дар Узбекистон барномаи ёдрасонии "Насли барҷаста" амалӣ шуда буд, ки дар доираи он ба кӯдакони аз 3 то 15-сола ба таври ройгон ёд доданд.

Баъди он барнома бештар аз 70 кӯдак дар ноҳияи Чусти Намангон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шуданд. Волидон гуфтанд, ки баъди истифодаи ёд кӯдакон бемор шуданд.

Мақомот он ҳодисаро шарҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG